Ссылки доступа

Донишҷӯдухтари қазоқ барои садамаи маргбор ҷазои шартӣ гирифт


Додгоҳе дар шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон 2 октябр ҳукми донишҷӯи 19-солаи Донишгоҳи ба номи Жубанов ва иштирокчии садамаи нақлиётии маргбор Сезим Самуратро эълом кард.

Донишҷӯи қазоқ бо қарори додгоҳ ду сол шартан аз озодӣ маҳрум гашт. Ӯ чанд лаҳза пеш аз оғози мурофиа аз ҷабрдидаҳо узр пурсида, аз додрас хост, ки ӯро зиндонӣ накунад.

7 июли соли равон бо иштироки Сезим Самурат дар назди боғи шаҳрии Оқтеппа садамаи нақлиётии маргбор рух дод. Дар натиҷаи он сокини 18-солаи маҳаллӣ Сюзанна Гамидова ба ҳалокат расида, як тани дигар захмӣ шуд.

Самурат, ки ҳанӯз як сол пеш соҳиби ҳуҷҷати ронандагӣ шудааст, гуфт, ба тарафи рост гашт, то дар тарафи чап бо мошине барнахӯрад. Тибқи натиҷаи ташхиси судӣ, ӯ ҳангоми вуқуи ҳодиса мошинро бо суръати 91 км дар соат мерондааст.

XS
SM
MD
LG