Ссылки доступа

Алексей Навалний ва раҳбари ситоди интихоботияш ҳабс шуданд


Сиёсатмадори мухолифи рус Алексей Навалний ва раҳбари ситоди интихоботии ӯ Леонид Волков 20 шабонарӯз ҳабс шуданд. Қарори ҳабси Навалнийро додгоҳи Симонови Москва ва аз Волковро додгоҳи Савеловский содир кард.

Мухолифони рус ба "даъвати чандкаратаи одамон барои иштирок дар чорабиниҳои оммавии бидуни иҷозат" айбдор шудаанд. Пулис онҳоро 29 сентябр пеш аз оғози тазоҳурот дар Нижний Новгород дастгир кард. Вале баъдан ба шарти ҳозир шудан ба додгоҳ дар рӯзи 2 октябр озод шуданд.

Навалний ҳукми додгоҳ нисбати худро "туҳфа" ба президенти Русия Владимир Путин барои зодрӯзаш номида, аз ҷонибдорони худ даъват кард, ки 7 октябр дар шаҳри Санкт-Петербург даст ба тазоҳурот бизананд. Волков ба нишони эътироз гуруснанишинӣ эълом кард.

XS
SM
MD
LG