Ссылки доступа

Ҳушдори Тоҷикистон ба "Wikipedia"


Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон ба бахши тоҷикии сомонаи "Wikipedia" ҳушдор додааст, ки хатоҳои имлоии матолибашро ислоҳ кунад. Саодатшо Матробиён, муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон рӯзи 2-уми октябр гуфт, ин сомона аз ду ҳафта ба ин тараф мавриди санҷиши масъулони кумита, қарор гирифт.

Кумитаи забон ва истилоҳот пас аз санҷиши матлабҳои бахши тоҷикии сомомонаи "Wikipedia” гуфтааст, ки ин сомона қоидаҳои имлои забони тоҷикиро риоя накардааст. Пас аз санҷиш кумита ошкор кардааст, ки дар чанде аз матлабҳо дар сомонаи "Wikipedia", калимаи "кумак" бо “ӯ”-и дароз навишта шудааст, ки ғалат будааст. Инчунин кумита гуфтааст, истифодаи калимаи “энсиклопедия”, “систем” хато аст ва ба ҷои он калимаи “донишнома” ва “система”-ро бояд истифода кард.

Дар идома Кумита мегӯяд, истифодаи ғалати калимаҳо ва хатоҳои имлоӣ нақзи қонун "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва қарори №458 Ҳукумати Тоҷикистон, ки тибқи он қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ тасдиқ шудаанд, мебошад. Бинобар ин, Кумитаи забон ва истилоҳот хитоб ба масъулони бахши тоҷикии "Wikipedia” гуфтааст, ғалатҳои имлоиро ислоҳ кунанд, вагарна ин ҷавобгарии ҳуқуқиро дар пай дорад.

Ин ҳушдори Кумитаи забон ва истилоҳот дар ҳолест, ки "Wikipedia” як сомонаи боз ва донишномаи озод аст, ки муаллифи матлабҳои он ҳар нафар метавонад бошад. Ин сомона дар маҷмӯъ ба худ ягон ҳайати ноширон ва муаллифони хоссе надорад ва маълум нест, Кумитаи забон ва истилоҳот дар амри ислоҳи хатоҳо, киро мухотаб қарор додааст.

XS
SM
MD
LG