Ссылки доступа

Русия: фармондеҳи қазоқи ДИ дар Сурия кушта шуд


Расонаҳо бо истинод ба вазорати дифои Русия хабар доданд, ки тайи ду рӯзи ахир дар натиҷаи ҳамлаи ҳавопаймоҳои ин кишвар дар Сурия 7 фармондеҳи гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" (ДИ) кушта шудаанд, ки миёнашон як зодаи Қазоқистон низ ҳаст.

"7 фармондеҳи сатҳҳои гуногун, аз ҷумла як зодаи Қазоқистон бо номи Абуислом ал-Қазоқӣ, ки ҳамлаҳои ДИ-ро дар водии Фурот ҳамоҳанг мекард, кушта шуданд"- гуфтааст намояндаи расмии Вазорати дифои Русия генерал-майор Игор Конашенков.

Ба огаҳии вазорат, фармондеҳони эҳтимолии ДИ тайи ду рӯзи ахир дар натиҷаи амалиёти нирӯҳои ҳавоии Русия дар соҳили шарқии Фурот ҷон бохтаанд.

"Бо зарбаҳои ҳавоӣ маркази ҷамъоварӣ ва омода кардани зархаридони хориҷии ДИ, аз ҷумла 40 ҷангҷӯ аз Қафқози Шимолӣ ва ҳамчунин гуруҳи фаврии снайперистони ДИ маҳв карда шуданд", - иқтибос овардаанд расонаҳои Русия аз суханони Конашенков.

XS
SM
MD
LG