Ссылки доступа

Қазоқистон ба хотири муътадил гардонидани нархҳо воридоти бензинро кам мекунад


Вазири энержии Қазоқистон Канат Бозмубоев гуфт, ки тасмими кам кардани воридоти бензин давоми ду моҳи оянда метавонад ба "муътадилшавӣ"-и нархи сӯзишворӣ боис гардад.

"Нархҳо ҳадди ақал мумкин аст, ба эътидол оянд", - гуфт Бозумбоев. Вай афзуд, ба эътидол омадани вазъи бензин вобаста ба талаботи он аст. Дар муқоиса бо моҳи майи соли ҷорӣ нархи бензини воридотӣ аз Русия дар тирамоҳ ҳашт дарсад боло рафта, аз 517 доллар ба 560 доллар барои як тон расидааст.

Нархи миёнаи бензини навъи АИ-92 дар Қазоқистон моҳи январи соли ҷорӣ 0,41 доллар буд ва дар моҳи сентябр ба 0,44 доллар расид.

Вазир Бозумбоев хабар дод, ки бензини воридотии навъи АИ-92 то моҳи ноябр 30 дарсад ва то декабр 20 дарсади дигар кам мешавад.

XS
SM
MD
LG