Ссылки доступа

Нотаи Тоҷикистон ба Русия – “Латту кӯби Наврӯз одилона таҳқиқ шавад”


Тоҷикистон бо ирсоли як ёддошт аз Русия таҳқиқи ҷиддӣ ва одилонаи латту кӯби Наврӯз Зикиров, аробакаши 27-солаи тоҷикро дар фурӯшгоҳи “Москва”-и ноҳияи Люблино талаб кард. Сарвар Бахтӣ, сухангӯи сафорати кишвар дар Москва 3 октябр гуфт, “ин ёддошт рӯзи душанбе ба Вазорати умури хориҷии Русия супурда шуд”.

"Қотеъона талаб кардем, ки ҳар нафаре шаҳрванди моро латту кӯб кардааст, ба ҷавобгарӣ кашида шавад ва аз натиҷаи тафтишот ба сафорат маълумоти пурра пешниҳод кунанд. Сафир Имомуддин Сатторов низ дар мулоқот гуфт, онҳое, ки шаҳрванди моро латту кӯб карданд, бояд аз рӯи қонун ҷазо гиранд", - афзуд ҳамсуҳбати мо.

Пештар Шӯрои назди президенти Русия оид ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи инсон низ аз Вазорати умури дохилии ин кишвар дархост кард, ки қазияи латту кӯби шаҳрванди Тоҷикистон дар фурӯшгоҳи "Москва" ва боздошти дастаҷамъии муҳоҷирони тоҷикро дар пайи он таҳқиқ кунад.

Сарвар Бахтӣ қаблан гуфта буд, ки Зикировро ба далели баҳсҳои дохилии бозор латту кӯб кардаанд.

Шаби 20 сентябр дар минтақаи Тихоретскийи шаҳри Москва бо иштироки кормандони фурӯшгоҳи "Москва" -- шаҳрвандони Тоҷикистон ва маъмурони ширкати хусусии муҳофизатӣ задухӯрде сурат гирифт. Ба ин занозанӣ хабари латту кӯб ва кушта шудани як шаҳрванди 27-солаи Тоҷикистон Наврӯз Зикиров сабаб шуд.

Талаби сафорат барои тафтиши ҷиддии латту кӯби шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳолест, ки 2 октябр раҳбарияти фурӯшгоҳ Зикировро баъди рухсат шуданаш аз беморхона ба ватан фиристодааст. Абдуғаффор Қодиров, раиси ҷамоати Дектури ноҳияи Балҷувон гуфт, Наврӯзро ба далели рух надодани ягон иғво ва дасиса ба ватан фиристодаанд.

XS
SM
MD
LG