Ссылки доступа

Маҳбуси сиёсии ӯзбек Аъзам Фармонов аз зиндон озод шуд (видео)


Мақомоти Ӯзбекистон ҳомии ҳуқуқ Аъзам Фармоновро баъди 10 сол аз зиндон озод карданд. Муҳлати ҷазои дувуми ӯ, ки моҳи майи соли 2016 илова шуд, қарор буд, се сол баъд ба поён бирасад. Ҳамсари Фармонов Озода Яъқубова раҳоии ҳамсарашро тасдиқ кард.

Созмони ҳомии ҳуқуқи "Бунёди ӯзбекиву олмонӣ" соли гузашта дар бораи Фармонов филмеро ба навор гирифт. Яъқубова дар он нақл кард, ки ҳангоми кӯшиши мулоқот бо шавҳараш бо кадом мушкилиҳо рӯбарӯ мешавад ва Фармоновро дар зиндон мунтазам чи гуна шиканҷа мекунанд.

Ҳомии ҳуқуқ ва маҳбуси сиёсӣ Аъзам Фармонов даҳ соли умри худро дар маҳбаси "Жаслик"-и Қарақалпоқистони Ӯзбекистон сипарӣ кард ва тайи ин муддат боре нисбати ӯ қонуни афв татбиқ нашудааст.

Фармонов баъди сафари гузоришгари махсуси СММ дар умури озодии дину ақида Аҳмад Шоҳид ба Ӯзбекистон, ки то 12 октябр идома хоҳад ёфт, озод шуд.

Ин ҳомии ҳуқуқи 39-солаи ӯзбекро додгоҳ соли 2006 дар тамаъҷӯӣ айбдор эълом ва 9,5 сол зиндонӣ кард. Вале созмонҳои ҳомии ҳуқуқ гуфтанд, ки парвандааш сохта аст. Моҳи майи соли 2016 мақомот ба муҳлати ҷазои ӯ 5 солу 26 рӯзи дигар илова карданд.

XS
SM
MD
LG