Ссылки доступа

Дар Бодканд корхонаи муштараки Қирғизистону Ӯзбекистон бунёд мешавад


Дар вилояти Бодканд корхонаи муштараки Қирғизистону Ӯзбекистон бунёд хоҳад шуд. Дар ин бора намояндаи махсуси ҳукумати Қирғизистон дар Бодканд Абиш Калмурзоев иттилоъ дод.

"Ӯзбекистон мехоҳад, биринҷи "Оқ-турпоқ"-и моро харад ва ин барои мо имконияти хуб аст, зеро ҳамасола мо то 5 ҳазор тон биринҷ мегирем ва имсол низ бовар дорем, ки аз солҳои пешин кам нахоҳем гирифт. Мо пешниҳод кардем, ки дар минтақаи марзӣ як корхонаи муштарак бунёд шавад. Ҷониби Ӯзбекистон пешниҳодро пазируфт ва ҳоло мо барои он ҷойи муносибро интихоб дорем", - афзуд ӯ.

Ба гуфтаи Калмурзоев, Ӯзбекистон мехоҳад, дар баробари биринҷи "Оқ-турпоқ" ангишту зардолуи бодкандӣ ва реги кварсии ноҳияи Лайлаки Қирғизистонро низ содир кунад. Ба ҷониби Қирғизистон дар навбати худ пешниҳод шуда, ки аз Ӯзбекистон матоъ ва либос ворид кунад.

Ёдрас мешавем, 2 октябр дар марзи Қирғизистону Ӯзбекистон, дар наздикии шаҳри Қадамҷой боз як гузаргоҳи марзӣ боз шуд. Дар маросими ифтитоҳи он раҳбарони вилоятҳои Бодканду Фарғонаи ду кишвар иштирок карданд.

Вилояти Бодканди Қирғизистон бо Фарғонаи Ӯзбекистон, ки 3,2 миллион аҳолӣ дорад, ҳаммарз аст. Миёни ду вилоят 5 гузаргоҳи марзӣ аст, ки аз чаҳор тои онҳо мошин ва аз якеашон қатор убур мекунад.

Дар ҳоли ҳозир, мақомоти қирғизу ӯзбек масъалаи боз кардани гузаргоҳи дигар -- "Қизил-Киё" ва "Ӯзбекистон"-ро дар марзи ду кишвар баррасӣ доранд.

XS
SM
MD
LG