Ссылки доступа

Туркманистон ба ҷашни Истиқлол омода мешавад


Мақомоти Туркманистон, баъди ба анҷом расидани Панҷумин Бозиҳои осиёӣ, омодагӣ ба таҷлил аз Рӯзи истиқлолиятро шуруъ карданд. Дар ҳоли ҳозир маршировкаи умумӣ бо ширкати кормандони ниҳодҳои давлатӣ, корхонаҳо ва муассисаҳои таълимӣ идома дорад.

Туркманистон 27 октябр 26-солагии истиқлолияти давлатиро таҷлил мекунад. Расонаҳо менависанд, дар бархе аз муассисаҳои давлатӣ рӯйхати афроде, ки бояд дар маршировкаҳо ширкат кунанд, ҳанӯз 30 сентябр тартиб дода шуда буд.

"Номи онҳое, ки шомили рӯйхат шудааст, ҳамарӯза ду соат пеш аз анҷоми кор рухсат дода мешаванд ва онҳо дар чорабиниҳои омодагӣ ба таҷлил аз Рӯзи истиқлолият ширкат мекунанд. Ин маршировка то рӯзи Истиқлолият идома мекунад. Сар аз миёнаҳои моҳи октябр афроди шомили рӯйхатро баъди нисфирӯзиҳо комилан аз кор озод мекунанд", - гуфт як омӯзгор аз шаҳри Ишқободи Туркманистон.

Дар бораи талаботи нав нисбати сару либоси ширкатдорони маршировка низ хабар мерасад. Ширкатдорон бояд либоси навъ ва ранги махсус бипӯшанд, ки албатта ин либосҳо низ аз ҳисоби кормандон омода мешавад.

Раисҷумҳури Туркманистон дастур додааст, ки чорабиниҳои ҷашнӣ "дар сатҳи баланд таҷлил шаванд".

XS
SM
MD
LG