Ссылки доступа

Дар суқути ҳавопаймо дар наздикии Алмато панҷ одам кушта шуд


Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои тиббии Ан-28 дар наздикии шаҳри Алматои Қазоқистон ҳамаи 5 сарнишини он ҳалок шуданд. Ин ҳодиса рӯзи 3 октябр соати 19:15 дақиқаи вақти маҳаллӣ рух дод.

Ба иттилои ҳукумати вилояти Алмато, ҳавопаймо дар ҳудуди хоҷагии кишоварзӣ суқут кардааст. "Ҳангоми суқут ҳавопаймо ба хати барқ бархурдааст. Ба ҷуз ин ҳеч иншооти дигар зарар надидааст", - хабар медиҳад ҳокимияти вилояти Алмато.

Ҳавопаймои суқуткарда дар самти Алмато-Чимкент-Алмато барои муолиҷаи беморе парвоз мекард. Дар дохили он панҷ нафар: халабони ҳавопаймо, халабони дувум, техники ҳавопаймо ва ду духтур ҳузур доштанд.

Ҳавопаймо аз Алмато соати 18:35 дақиқа парвоз кард ва соати 18:47 дақиқа нопадид шуд. Баъдтар мақомот аз пайдо шудани ҳавопаймое дар ҳолати оташсӯзӣ хабар доданд.

XS
SM
MD
LG