Ссылки доступа

Отамбоев бо даъвати Мирзиёев ба Тошканд меравад


Президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев бо даъвати ҳамтои ӯзбекаш Шавкат Мирзиёев рӯзҳои 5-6 октябри соли равон аз шаҳри Тошканд боздид хоҳад кард.

Ба иттилои расонаҳои Ӯзбекистон, дар идомаи гуфтугӯи сатҳи олии ду кишвар, ки дар ҷараёни сафари Мирзиёев ба Қирғизистон рӯзҳои 5-6 сентябр оғоз шуда буд, ҷонибҳо дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои Тошканду Бишкекро баррасӣ ва роҷеъ ба масоили муҳими минтақавию байналмилалӣ табодули афкор хоҳанд кард.

Ҳамчунин интизор меравад, раҳбарони Ӯзбекистону Қирғизистон дар намоишгоҳи маҳсулоти саноатии ду кишвар дар Тошканд иштирок кунанд. Дар ҳошияи гуфтугӯи ҷонибҳо қарор аст, Мирзиёев ва Отамбоев зери Эъломияи муштараки Ӯзбекистону Қирғизистон имзо гузоранд.

Дар доираи сафари президенти Қирғизистон ба Ӯзбекистон имзои як қатор санадҳои дуҷониба дар назар аст, ки ба рушди ҳамкориҳои Тошканду Бишкек дар бахшҳои гуногун равона шудаанд.

XS
SM
MD
LG