Ссылки доступа

Дар Бишкеку Ӯш Рӯзҳои фарҳангии Ӯзбекистон баргузор мешаванд


Ба огаҳии Вазорати фарҳанг, иттилоот ва сайёҳии Қирғизистон, Рӯзҳои фарҳангии Ӯзбекистон дар шаҳри Бишкек 6 октябри соли равон оғоз хоҳанд шуд.

Дар ин рӯз намояндагони Вазорати фарҳанги Ӯзбекистон вориди пойтахти Қирғизистон шуда, дар кинотеатри "Октябр" филми ӯзбекии "Ҳикояи духтаре дар моҳ" намоиш дода мешавад. Шоми 6 октябр ҳунармандони Ӯзбекистон дар Филармонияи давлатии Қирғизистон барномаи консертиеро иҷро хоҳанд кард.

Рӯзҳои фарҳангии Ӯзбекистон 7 октябр дар шаҳри Ӯши Қирғизистон идома ёфта, дар кинотеатри «Семетей» филмҳои ӯзбекӣ намоиш дода мешаванд. Ба ҷуз ин, баргузории барномаи консертие дар Театри давлатии ба номи Султон Иброҳимови шаҳр низ дар назар аст. Ҳамчунин намоишгоҳи аксии "Ӯзбекистони имрӯз" низ баргузор хоҳад шуд.

Муносибати Бишкеку Тошканд баъди як давраи тӯлонии сардӣ аз тирамоҳи соли 2016 ба ин сӯ рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст.

XS
SM
MD
LG