Ссылки доступа

Мансабдори тоҷик ҳангоми гирифтани $500 ҳазор пора боздошт шуд


Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон сардори Раёсати таҳияи барномаҳои давлатии сармоягузориҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдо, узви Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Аскар Нурализодаро бо гумони гирифтани ним миллион доллар “пора” боздошт кардааст.

Ба огаҳии оҷонсӣ, Нурализода барои мусоидат дар гирифтани 10 миллион доллар грант ё кумаки бебозгашти давлатӣ аз як шаҳрванд 1 миллион доллар хостааст. “Нурализода ин маблағро барои дохил намудани тарҳи ташкил ва рушди соҳаи мурғпарварӣ дар ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ талаб кардааст”, - мегӯяд манбаъ.

Мақомоти Оҷонсӣ гуфтанд, ки ин мақоми Вазорати рушди иқтисоди кишвар ҳангоми гирифтани 490 ҳазор доллар дар назди тарабхонаи “Афсона”-и шаҳри Душанбе дастгир карда шуд. Ҳангоми тафтиши манзили зисти Нурализода 10 ҳазор доллари дигар низ ёфт шудааст, ки пештар барои ин амал гирифта буд.

Зидди Нурализода бо моддаи 319, қисми 4, бандҳои “в” ва “г”-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шудааст.

XS
SM
MD
LG