Ссылки доступа

Раиси ширкат: "Мо занони тоҷикро барои ғуломӣ ба Саудӣ набурдем" (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон аз 3-уми октябри 2017 (HD)

- Тоҷикистон аз Русия тафтиши ҷиддии латту кӯби аробакашро талаб кард(видео)​

- Падари Бадриддинро кӣ кушт? Додситонии Ҳисор бар асоси аризаи як сокини ин ноҳия, ки мехоҳад бо гузашти 25 сол аз қатли падараш – Раҳмон Сафаралиев – дастандаркорони марги ӯро ошкор кунад, санҷишро оғоз кардааст. (видео)

- Нороҳатии занон аз нигоҳҳои каҷу хашини мардон. Баъзе аз духтарони тоҷик мегӯянд, ки пӯшидани либоси аврупоӣ онҳоро таҳти фишори лафзии мардон қарор додааст. (видео)

- “Пул бошад, ҷӯра ҳам ёфт мешаваду кор ҳам”. Хабарнигори Радиои Озодӣ ин дафъа аз роҳгузарони хиёбонҳои Душанбе пурсид, ки дар зиндагии худ чиро муҳимтар мешуморанд. Бархе аз сокинон гуфтанд, ки барояшон хонавода, суботи ҷаҳон ва ҷойи кор муҳим аст. (видео)

- "Фемида" дар Тоҷикистон. Вазни тарозу ба самти ҷазоҳои шадид. Рӯзи 2-юми октябр бо ризояти вакилони Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон муҷозоти саркашӣ аз пардохти алимент ба фарзандони ноболиғ ваё волидони пиронсол аз 2 соли қаблӣ то ба 3 сол шадидтар шуд (видео)

- Раиси ширкат: "Мо занони тоҷикро барои ғуломӣ ба Саудӣ набурдем". "Ҷамол 2012" яке аз се ширкатест, ки то як соли пеш шаҳрвандони Тоҷикистонро барои кор ба Арабистони Саудӣ мефиристод. (видео)

- Ҳама барои наҷоти пахта – ҳашар дар Хатлон. Ҳосили имсолаи пахта дар вилояти Хатлон аз таъсири борону барф метавонад, талаф ёбад. Барои пешгирӣ аз он мақомоти вилоят ҳашар эълон кардааст. Охири ҳафтаи гузашта тақрибан 2 ҳазор корманди идораҳои давлатӣ ба пахтачинӣ рафтанд ва дар миёни онҳо раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулаҳмадзода низ буд (видео)

- Настоящее Время. Осиё – 4 октябр. Волидайне, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ китобҳои нави дарсиро интиқод карданд, барои бозпурсӣ ба шуъбаи пулиси Остона даъват шуданд. Додгоҳи шаҳрии Бишкек ҳукми 8 сол зиндони сиёсатмадори мухолиф Омурбек Текебоевро бетағйир гузошт. Дар Душанбе чемпионати 11-уми гуруҳҳои наҷот баргузор шуд. (видео)

- Нависандаи дигарандеши ӯзбек Нуруллоҳ Отахонов дар озодӣ (видео)

- Пулиси Остона шахсонеро меҷӯяд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ китобҳои нави дарсиро интиқод карданд. (видеои Настоящее время)

- 10 сент барои як кило пахта. Кӣ ва барои чӣ онро дар Қирғизистон ҷамъоварӣ мекунад​. (видеои Настоящее время)

- Таҷаммуи омӯзгорон дар назди Вазорати маорифи Русия. Дар арафаи Рӯзи омӯзгорон чанде аз муаллимон дар назди бинои Вазорати маориф ва илми Русия дар шаҳри Москва тазоҳуроти инфиродӣ баргузор карданд. (видео аз Директ)​

- Илма Умарови шикастнопазир. Соли 1987 дар шаҳри Марғелони Ӯзбекистон шахсе варақаҳоеро дар деворҳо часпонда, аз тоторҳои бадарғашудаи Қрим хост, хомӯш набошанд. Дар тамоми мактабҳои шаҳр аз ҳамаи хонандагон имло гирифта, муаллифи варақаҳоро пайдо карданд ва номи Илма Умаров, ки дар синфи 10-ум мехонд, бори нахуст он замон садо дод. (видео аз Директ)

- "Матилда" на филм, балки тӯфон аст". Суҳбат бо шоир Лев Рубинштейн. (видеои Настоящее время)​

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG