Ссылки доступа

Путину Бердимуҳаммадов шартномаи "шарикии стратегӣ"-ро имзо карданд


Президентҳои Русияву Туркманистон шартномаи "шарикии стратегӣ"-ро имзо карданд. Владимир Путин ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов созишномаи рамзиро ҳангоми сафари якрӯзии президенти Русия ба Ишқобод, 2 октябр имзо карданд. Ин нахустин сафари Путин дар панҷ соли охир ба Туркманистон буд.

Путин аз коҳиши тиҷорати дуҷониба дар соли 2016 изҳори таассуф кард ва ҳамзамон гуфт, умедвор аст, ки дар ояндаи наздик вазъ тағйир меёбад. Бердимуҳаммадов дар навбати худ афзуд, омодаи ҳамкорӣ бо Русия аст. Дар ҷараёни сафари Путин ба Туркманистон чанд ҳуҷҷати дуҷонибаи дигар имзо шуд.

Муносибатҳои Русия бо Туркманистон дар пайи баҳсҳои интиқоли газ бад шуд. Туркманистон худро кишвари бетараф эълон карда, на ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёи ташкилкардаи Русия шомил аст ва на ба Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, ки ин созмон чанд кишвари дигари шӯравии пешинро дар Осиёи Марказӣ фаро мегирад.

XS
SM
MD
LG