Ссылки доступа

Дар сафари президенти Қирғизистон ба Ӯзбекистон созишномаи марзӣ имзо мешавад


Дар ҷараёни сафари президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ба Ӯзбекистон чанд ҳуҷҷат имзо хоҳад шуд. Дар ин бора роҳбари шуъбаи сиёсати хориҷии дастгоҳи президенти Қирғизистон Айзада Субакожоева хабар медиҳад.

Ба гуфтаи вай, имзои созишномаи марзӣ, инчунин масоили ҳамкории тиҷориву иқтисодӣ дар назар аст. Субакожоева афзуд, то имрӯз 40 километри дигари марзи Қирғизистону Ӯзбекистон ҳамоҳанг шуда, аммо корҳо дар ин самт идома доранд.

Расонаҳо иттилоъ доданд, ки Отамбоев 5-6 октябр ба Ӯзбекистон сафар мекунад.

2 октябр президенти Қирғизистон қонун дар бораи тасвиби Созишномаи марзӣ байни Қирғизистону Ӯзбекистонро имзо кард. Ба иттилои ҳукумати Қирғизистон, дар созишнома аз 1378 километри марзи муштарак 1170 километр ё 85 дарсади марз ҳамоҳанг шудааст. Хабар дода мешавад, 15 дарсади боқӣ то охири сол бояд муайян карда шавад.

Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон ибтидои моҳи сентябр ба Қирғизистон рафт. Он замон дар марзи ду кишвар чанд гузаргоҳ боз шуд.

XS
SM
MD
LG