Ссылки доступа

Гирдиҳамоӣ ба ҷонибдорӣ аз Навалний дар як қатор шаҳрҳои Русия манъ шуд


Мақомоти як қатор шаҳрҳои Русия ба ҷонибдорони Алексей Навалний иҷозат надоданд, то 7 октябр ба ҳимоят аз ин сиёсатмадори мухолифи рус гирдиҳамоӣ баргузор кунанд. Аз ҷумла, шаҳрдории Москва ба 5 дархости баргузории тазоҳурот ҷавоби рад додааст.

Ба иттилои хабаргузории ТАСС, дар ин дархостҳо чанд макон барои баргузории тазоҳурот нишон дода шуда буд, вале ҳамаи онҳо бо "сабабҳои объективӣ" рад гаштаанд.

Дар шаҳри Санкт-Петербург низ тазоҳуроти мухолифони рус дар рӯзи 7 октябр манъ шуд. Рӯзи чаҳоршанбе додгоҳ шикояти ситоди интихоботии Навалнийро аз болои шаҳрдории Санкт-Петербург барои иҷозат надоданаш рад кард.

Мақомоти Калуга, Кемеров, Воронеж ва Томск ба ҷонибдорони Навалний ҳатто иҷозат надодаанд, ки таҷаммуъ кунанд. Аз ҷумла дар Калуга барои он иҷозат надодаанд, ки худи Навалний наметавонад дар он иштирок кунад. Дар Воронеж гуфтанд, ки гирдиҳамоӣ ба ҷонибдорӣ аз мухолифи рус гӯиё "таблиғи ғайриқонунии пешазинтихоботӣ" аст.

Дар ҳоли ҳозир, ба ҷонибдорони Навалний танҳо дар Екатеринбург иҷозат дода шудааст, то таҷаммуъ кунанд.

Худи Навалний ва раҳбари ситоди интихоботияш Леонид Волков дар ҳабсанд. Додгоҳ 2 октябр онҳоро ба "даъвати чандкаратаи одамон барои иштирок дар чорабиниҳои оммавии бидуни иҷозат" айбдор эълом ва 20 шабонарӯз ҳабс кард.

XS
SM
MD
LG