Ссылки доступа

Порлумони Украина қонун дар бораи Донбассро зуд ба баррасӣ мегирад


Президент Петр Порошенко лоиҳаи қонун дар бораи фавран барқарор кардани тамомияти арзи Украинаро дар ҳудуди вилоятҳои Донетск ва Луганск, ки зери идораи ҷудоихоҳон қарор доранд, ба порлумони кишвараш пешниҳод кард.

Лоиҳа рӯзи чаҳоршанбе баъди машварат бо шарикони хориҷӣ, аз ҷумла Фаронса, Олмон ва ИМА дар порлумон ба қайд гирифта шуд.

Дар ин лоиҳаи қонун Русия қонунан "кишвари ишғолгар" ва ноҳияҳои алоҳидаи вилоятҳои Донетск ва Луганск "минтақаҳои ишғолӣ" эътироф гашта, дар авлавият қарор додани созишномаи Минск ҳангоми барқарории тамомияти арзии Украина пешбинӣ шудааст.

"Украина ба амалкардҳои ғайриқонунии Русия ҳамчун кишвари ишғолгар, нирӯҳои низомии он, гуруҳҳои дигари низомӣ ва маъмуриятҳои ишғолӣ дар вилоятҳои Донетск ва Луганск ҷавобгар нахоҳад буд", - омадааст дар лоиҳаи қонуни мазкур.

Ба гуфтаи муаллиф, қабули қонуни мазкур мавқеи Киевро дар Додгоҳи байналмилалии СММ устувортар карда, ба мақомоти Украина мусоидат мекунад, то формати амалиёти сулҳҷӯёнаи СММ-ро дар Донбасс бидуни ҳузури намояндагони Русия ҳамоҳанг кунанд.

Таҳиягарони лоиҳа исрор доранд, ки он бояд то 18 октябр, пеш аз ба поён расидани муҳлати қонун "Дар бораи тартиби махсуси худидоракунии маҳаллӣ дар минтақаҳои алоҳидаи Донетск ва Луганск" тасвиб шавад. Ин қонун, ки барои се сол қабул шуда буд, ба мақомоти маҳаллӣ барои баргузор кардани интихобот ва афви ҷудоихоҳон салоҳиятҳои махсус медод.

XS
SM
MD
LG