Ссылки доступа

Қазоқистон "қуттии сиёҳ"-и Ан-28-ро дар Москва ташхис мекунад


Ташхиси дастгоҳи иттилоотии ҳавопаймои Ан-28, ки дар наздикии Алмато суқут кард, дар шаҳри Москва гузаронида мешавад. Дар ин бора муовини вазири сармоягузорӣ ва рушди Қазоқистон Роман Скляр, ки комисияи давлатӣ оид ба санҷиши садамаҳои ҳавопаймоиро раҳбарӣ мекунад, 4 октябр дар як нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

"Дар маҳалли суқути ҳавопаймо дастгоҳи иттилоотии парвоз ёфт шуд, ки барои ташхис ба озмоишгоҳи кумитаи авиатсияи байнидавлатии кишварҳои ИДМ дар шаҳри Москва фиристода хоҳад шуд", - афзуд муовини вазири сармоягузорӣ ва рушди Қазоқистон.

Ҳавопаймои тиббии Ан-28 баъди чанд дақиқаи парвоз дар масири Алмато-Чимкент суқут кард. Тамоми панҷ нафаре, ки дар дохили он буданд, ба ҳалокат расиданд.

Ба огаҳии раҳбари комисия, муҳлати иҷозатномаи парвози ҳавопаймо, ки соли 1990 истеҳсол шудааст, тобистони соли 2018 ба поён мерасид. "Натиҷаи таҳқиқи ин садамаи маргбори ҳавопаймоӣ баъди ба поён расидани кори комисия расман эълом хоҳад шуд", - гуфт Скляр.

XS
SM
MD
LG