Ссылки доступа

Сокинони Ишқобод дар пардохти роҳкиро бо кортҳои пластикӣ ба мушкилӣ рӯ ба рӯ мешаванд


Дар бархе аз автобусҳои шаҳри Ишқобод, пойтахти Туркманистон дастгоҳҳои пардохти роҳкиро бо корти пластикӣ аз кор мондаанд. Ин вазъ барои мусофирон нороҳатӣ ба бор овардааст.

Қарор дар бораи роҳандозии тартиботи нави пардохт дар автобусҳои шаҳрӣ дар ҷаласаи моҳи сентябри ҳукумати Туркманистон садо дода буд. Баъди он ҷаласа 1 октябр шеваи нави пардохт роҳандозӣ шуд.

Ба гуфтаи Сонӣ, сокини 40-солаи Ишқобод, сар аз рӯзи аввали насб кардани дастгоҳҳо мусофирон бо чанд мушкил рӯ ба рӯ шуданд.

"Аз ронанда мепурсӣ, ки чаро дастгоҳ кор намекунад, мегӯянд мо ҳам намедонем. Гоҳ кор мекунад, гоҳ не. Ин дастгоҳҳо чанде пештар насб шуданд, шояд ба ҳамин хотир хуб кор намекунанд", - мегӯяд сокини 54-солаи шаҳри Ишқобод Бахтигул.

XS
SM
MD
LG