Ссылки доступа

Бузургмеҳр Ёров дар "картсер" нигаҳдорӣ мешавад


Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои маҳкумшуда ба 28 соли зиндон барои нақзи тартибу низоми маҳбас аз боздоштгоҳи муваққатӣ ба боздоштгоҳи ҷаримавӣ (картсер) интиқол дода шудааст. Масъулони боздоштгоҳ мегӯянд, ӯ 15 шабонарӯз дар онҷо нигаҳ дошта хоҳад шуд.

Садриддин Шарифзода, як масъули Боздоштгоҳи рақами яки Душанбе 4 октябр гуфт, Ёров се бор тартибу низоми боздоштгоҳро вайрон кард ва бинобар ин, ба боздоштгоҳи ҷаримавӣ интиқол дода шуд. Ба қавли Шарифзода, вакили дифои тоҷик 5 рӯз пеш ба картсер интиқол ёфтааст.

“Вақте бори аввал қоидаи СИЗО-ро нақз кард, огоҳӣ додем. Бори дувум танбеҳ гирифт. Инак, бори севум ба боздоштгоҳи ҷаримавӣ фиристодем. Вале дар мавриди инки кадом қоидаи будубош дар зиндонро вайрон кардааст, шарҳ намедиҳам", - гуфт Шарифзода.

Вале наздикони Бузургмеҳр Ёров мегӯянд, имкон дорад ӯро баъд аз нашри хабарҳо дар мавриди азияту шиканҷааш дар боздоштгоҳи муваққатӣ ба картсер интиқол додаанд. Пештар модари Ёров Ҳуриннисо Исҳоқова гуфт, писараш дар зиндон пайваста шиканҷа мешавад.

Чанде пеш созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи Human Rights Vision Foundation дар робита ба вазъи саломатии Ёров изҳори нигаронӣ карда, барои раҳоии ӯ дархости кумак карда буд.

XS
SM
MD
LG