Ссылки доступа

Нормамадов барои қасди таркондани бинои пулису додситонӣ 20 сол зиндонӣ шуд


Шерзод Нормамадов, сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов бо айби кӯшиши таркондани бинои пулис ва додситонии маҳалли зисташ 20 сол аз озодӣ маҳрум гашт. Додгоҳи вилояти Суғд ҳамчунин ду шарики ӯ -- Инъомҷон Саидмуродов ва Озодҷон Хӯҷамбердиевро 10-солӣ зиндонӣ кардааст.​

Мирзошариф Ҳоҷизода, додраси Додгоҳи Суғд 4 октябр гуфт, Нормамадов сардори гурӯҳ буд ва дастури "ҷиҳод"-у таркондани бинои пулису додситонии ноҳияи Ҷаббор Расуловро дар Москва аз "амир"-и Ҷунбиши исломии Ӯзбекистон гирифтааст.

Ба гуфтаи ӯ, ин сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов бо нияти иҷрои тарҳи таркиш охири соли гузашта ба Тоҷикистон омада, 31 январ боздошт шудааст. "Додгоҳ Нормамадовро тибқи 5 моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла терроризм, тайёрӣ ба ҷиноят ва қасди ҷиноят айбдор донист”, - гуфт Ҳоҷизода.

Вале ба гуфтаи мақомоти додгоҳ, Нормамадов дар ҷараёни мурофиаи парвандааш гуфтааст, ки қасди таркондани биноҳои пулис ва додситониро дар сар надошт ва барои содири ин ҷиноятҳо низ омодагӣ намедид. Ӯ гуфтааст, нишондодҳояш дар ин бора дар ҷараёни тафтиши пешакии парванда низ дуруст нестанд. Вале додрас иддаои ӯро кӯшиши гурез аз ҷавобгарӣ дониста, қабул накардааст.

Наргис Яъқубова, вакили дифои Шерзод Нормамадов ба далели онки парванда дар додгоҳ паси дарҳои баста баррасӣ шуд, нахост дар бораи нафари таҳти ҳимояташ ва мавқеи ӯ дар додгоҳ суҳбат кунад.

XS
SM
MD
LG