Ссылки доступа

Қазоқистон дар болоравии нархи ангишт "миёнаравҳо"-ро айбдор кард


Вазорати энергетикаи Қазоқистон мегӯяд, ба болоравии нархи ангишт дар ин кишвар тарифҳои роҳи оҳан ва корхонаҳои миёнарав сабабгоранд. Дар иттилоияи ин ниҳод, ки имрӯз нашр шуд, гуфта мешавад, нархи ангишт дар худи конҳо хеле “ночиз” аст.

Вазорат дар шарҳи 3 баробар боло рафтани нархи ангишт дар Қазоқистон гуфтааст, ки он аз кон ба дасти сокинон ба воситаи чанд миёнарав мерасад ва аз ин рӯ, қимматаш боло меравад.

Аз ҷумла, дар иттилоия омада, ки ангишт нахуст ба интиқолдиҳандагоне яклухт фурӯхта мешавад, ки заминаҳои моддиву техникӣ надоранд ва онҳо низ дар навбати худ онро ба чаканафурӯшҳои шаҳру навоҳии Қазоқистон мефурӯшанд.

Ин ниҳод мегӯяд, корхонаҳои истихроҷкунандаи ангишт ҳамасола пас аз мавсими гармидиҳӣ бо мушкили сари вақт дастрас нашудани вагонҳо барои интиқоли ангишт рӯбарӯ ҳастанд.

Ба гуфтаи вазорат, таъйини нарх, танзими хариду фурӯши ангишт ва фаъолияти ширкатҳои миёнарав ба салоҳияти ин ниҳод ворид намешавад. “Масъулияти харид ва паҳни ангишт ба сокинони шаҳру навоҳии кишвар ба зиммаи мақомоти маҳаллӣ аст”, - афзудааст манбаъ.

XS
SM
MD
LG