Ссылки доступа

Алмосбек Отамбоев бо сафари давлатӣ ба Ӯзбекистон рафт


Президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев 5 октябр бо сафари давлатӣ ба шаҳри Тошканди Ӯзбекистон рафт.

Ба иттилои ҳукумати Қирғизистон, дар ин сафар гуфтугӯи Отамбоев бо ҳамтои ӯзбекаш Шавкат Мирзиёев дар масоили муҳими муносибатҳои дуҷониба сурат хоҳад гирифт.

Ба ҷуз ин, президенти Қирғизистон аз намоишгоҳи молҳои саноатии ду кишвар дидан карда, санади марбут ба созиши марзӣ ва Эъломияи густариши дӯстӣ, ҳусни ҳамсоядорӣ ва боварӣ миёни Қирғизистону Ӯзбекистонро имзо хоҳад кард.

Миёни ҳуҷҷатҳои дигаре, ки Отамбоев бояд имзо кунад, созишномаи марбут ба ҳамкорӣ дар бахши амният, мудофиа, мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ, инчунин созишнома миёни ноҳияҳои наздимарзӣ ва оҷонсиҳои иттилоотӣ низ ҳастанд.

Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон дар сафараш ба шаҳри Бишкек дар ибтидои моҳи сентябр, ҳамтои қирғизашро ба Ӯзбекистон даъват карда буд.

XS
SM
MD
LG