Ссылки доступа

Кумитаи иктишофии ИМА ба дахолати Русия дар интихобот бовар дорад


Кумитаи иктишофии Сенати ИМА ба хулосаҳои бахши иктишофии Амрико дар бораи дахолати Русия дар интихоботи президентии соли гузаштаи ин кишвар бовар дорад. Дар ин бора раиси кумитаи мазкур Ричард Бёрр хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, пажуҳиш то кунун идома дорад. Кумитаи мазкур талош мекунад, дақиқ созад, ки оё тими Доналд Трамп бо мансабдорони Русия иртиботе дошт ё на. Вай ҳамчунин афзуд, ширкатҳои интернетии Google, Twitter ва Facebook дар яке аз ҷаласаҳои Сенат суханронӣ хоҳанд кард.

Роҳбари дигари Кумитаи иктишофии сенати ИМА Марк Уорнер мақомоти Амрикоро ба "шеваи сахтар"-и ҳифзи низоми интихоботии кишвараш даъват кард.

Дар ИМА эҳтимоли дахолати Русия дар интихоботи президентии соли гузаштаи Амрикоро таҳқиқ мекунанд. Моҳи январи имсол мақомоти иктишофии ИМА ба хулосае расиданд, ки президенти Русия Владимир Путин бо ҳадафи дахолат ба маъракаи интихоботии Амрико ва сари қудрат омадани Трамп, дастури ҳамлаҳои рахнагирии интернетиро додааст.

Ибтидои моҳи август додситони махсуси ИМА Роберт Мюллер барои таҳқиқи "изи русӣ" дар интихоботи соли гузашта, ҷаласаи васеъ даъват кард. Мюллер мехоҳад дақиқ кунад, ки оё ситоди Трамп бо Кремл бо ҳадафи заъиф кардани мавқеи рақиби Трамп аз Ҳизби демократӣ Ҳилларӣ Клинтон, ҳамоҳангие доштаанд ё на. Москва дахолаташро дар интихоботи президентии ИМА комилан рад мекунад.

XS
SM
MD
LG