Ссылки доступа

Дар Туркия зани қирғизро кормандони пулис латту кӯб карданд


Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон хабари латту кӯби як шаҳрванди кишварашро аз тарафи ду корманди пулис дар Туркия шарҳ дод. "Дар ҳоли ҳозир, ин кормандони пулис то анҷоми тафтишот аз мақомҳои худ барканор шудаанд", - омадааст дар иттилоияи вазорат.

Маъмурони амниятии Алания 5 октябр дар суҳбат бо консули Қирғизистон хабари латту кӯб шудани шаҳрванди ин кишварро тасдиқ кардаанд. Ба ҷабрдида Р. А. дар ҳоли ҳозир кумаки тиббиву равонӣ расонида шуда, баъди анҷоми тафтишот бозгашти ӯ ба ватан баррасӣ хоҳад шуд.

Ёдрас мешавем, ахиран дар ноҳияи Аланияи Туркия ду корманди пулис як зани 44-солаи қирғизро латту кӯб карданд. Ба гуфтаи рӯзноманигори турк Бюлент Татоглу, ин ҳодисаро сокинони маҳаллӣ ба навор гирифтаанд.

Сардори пулиси Алания Ҳошим Чакмакчи дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, ки "эҳтимол дорад, ин зан аз бемори равонӣ ранҷ мебарад".

XS
SM
MD
LG