Ссылки доступа

Назарбоев бо рафти корҳо дар маҷмааи "Байконур" ошно шуд


Президент Нурсултон Назарбоев дар ҷараёни сафари кориаш ба вилояти Қизилордин бо рафти корҳо дар тарҳи муштараки Қазоқистону Русия -- "Байтерак" ва иҷрои консепсияи ҳамкории Остонаву Москва дар маҷмааи "Байконур" ошно шуд.

"Дар доираи созишномаи мо бо ҷониби Русия самтҳои стратегии рушди маҷмаа муайян шудаанд. Корҳоро дар ин тарҳ комисияи байниҳукуматии махсус ва ҳукуматҳои ҳар ду ҷониб ҳамоҳанг мекунанд ва иқдомҳои ҷиддӣ гирифта хоҳад шуд", - иқтибос овардааст хадамоти матбуотии президенти Қазоқистон аз суханони Назарбоев.

Созишномаи байниҳукуматии Қазоқистону Русия барои бунёди маҷмааи мушакии "Байтерак" дар космодроми Байконур соли 2004 ба имзо расидааст.

XS
SM
MD
LG