Ссылки доступа

Фавти вазири пешини амнияти Туркманистон дар зиндон


Ду мансабдори баландпояи дигари Туркманистон, ки дар ҳукумати президенти пешини ин кишвар Сафармурод Ниёзов кор мекарданд, дар зиндон фавтиданд.

Як манбаъ дар зиндонҳои Туркманистон гуфт, ҷасадҳои раиси пешини ширкати давлатии "Туркманнафт" Сафармаҳмад Велиев ва вазири пешини амнияти ин кишвар Поран Бердиевро ба наздиконашон супоридаанд.

Ба огаҳии маъракаи байналмилалии "Онҳоро зинда нишон диҳед!", Велиев 19 сентябри соли 2005 бо қарори Додгоҳи олии Туркманистон 24 сол аз озодӣ маҳрум гашт.

Сафармаҳмад Валиев аз зумраи даҳҳо маҳбусонест, ки дар зиндонҳои Туркманистон беному нишон гаштаанд. Ба гуфтаи манбаъ, наздикони Велиев дар бораи маҳалли будубоши ӯ чизеро намедонистанд ва ҳатто ҳаққи мулоқотро низ надоштанд.

Поран Бердиев дар ибтидои солҳои 2000-ум дар як қатор мансабҳои баландпоя ва раҳбарии Туркманистон, аз ҷумла вазири умури дохилӣ ва амнияти миллӣ кор кардааст. Пеш аз боздошташ раиси яке аз вилоятҳои ғарбии ин кишвар буд.

XS
SM
MD
LG