Ссылки доступа

Абдуллоев дар кӯшиши ғасби ҳукуматҳои Каримову Мирзиёев айбдор мешавад


Бино ба хулосаҳои пешакии тафтишот, рӯзноманигор Бобомурод Абдуллоев бо нашри матлабҳояш дар Интернет барои ғасби ҳукумат дар Ӯзбекистон нақша мекашидааст. Матлабҳои Абдуллоев бо имзои мустаори Усмон Ҳақназаров чоп мешуданд.

Додгоҳи ноҳияи Юнусободи Ӯзбекистон 1 октябр Абдуллоевро ба муҳлати 10 шабонарӯз ба ҳабс гирифт. Дар ин муҳлат зидди рӯзноманигор парвандаи ҷиноӣ боз шуда, худи ӯ дар боздоштгоҳи муваққати Хадамоти амнияти ин кишвар нигаҳдорӣ мешавад.

Дар қарори додгоҳ омадааст, "Абдуллоев ба ҳайси як масъули "Ҳаракати мардумии Ӯзбекистон" бо дастури раҳбари ҳаракат Муҳаммад Солеҳ сар аз соли 2011 дар Интернет бо нашри матлабҳое машғул буд, ки ба сарнагун кардани сохти конститутсионии ин кишвар равона шудаанд".

Ба гуфтаи муфаттишон, Равшанбек Салаев ва Шавкатҷон Оллоёров - шахсони масъули таъмини амнияти раҳбарони давлатӣ дар Ӯзбекистон манбаъҳои аслии Абдуллоев будаанд. Рӯзноманигор бо мусоидати ин ду нафар ва дастури Муҳаммад Солеҳ барномаи "Жатва"-ро таҳия мекард, ки сарнагунии сохти конститутсиони Ӯзбекистонро пешбинӣ менамуд.

Муфаттишон мегӯянд, иштирокдорони барномаи "Жатва" бо ҷалби мансабдорони "калидӣ"-и ҳукумати Ӯзбекистон ва шумори зиёди мардум мехостанд, дар чаҳор шаҳри бузургтарини Ӯзбекистон -- Тошканд, Фарғона, Навоӣ ва Ургенч даст ба табаддулоти давлатӣ бизананд.

Бобомурод Абдуллоеви 44-сола 27 сентябри имсол дар шаҳри Тошканд боздошт шуд. Ӯро нахуст ба дуздӣ айбдор карданд, вале бо гузашти чанд рӯз пулис хабар дод, ки рӯзноманигор ба "ғасби ҳукумат ва сарнагун кардани сохти конститутсионии давлат" айбдор мешавад.

XS
SM
MD
LG