Ссылки доступа

Сокинони Шугнов аз бекорӣ тило мешӯянд (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Хушунат бо ҳолатҳои сабуккунанда. Ҳомиёни ҳуқуқи занон дар Қазоқистон барои СММ гузориш таҳия мекунанд. Ҳомиён мегӯянд, ғайриҷиноӣ ҳисоб кардани хушунат вазъи занони қазоқро душвортар хоҳад кард (видео)

- "Ишқи пирӣ гар биҷунбад". Ақди никоҳи калонсолон афзудааст. Масъулини Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ мегӯянд, ки теъдоди занон ва мардони бузургсоле, ки издивоҷи худро дар мақомоти сабти асноди шаҳрвандӣ расмӣ мегардонанд, ба фарқ аз солҳои пеш, бештар шудааст (видео аз Директ)

- 100 хонавода дар гирдоби кашмакашҳои “Агроинвестбонк” ва 2 ширкати сохтмонӣ. Даҳҳо сокини Душанбе дар гирдоби кашмакашҳои “Агроинвестбонк” ва ду ширкати сохтмонӣ, ки ба гуфтаи онҳо хешовандони раиси ин бонк Муродалӣ Алимардон ҳастанд, дармондаанд (видео)

- Абдуҷаббор Раҳмонзода: "Расонаҳо ба хости худ ҷумласозӣ мекунанд". Мақомоти тоҷик дар Рӯзи забони тоҷикӣ аз навиштаҳои, ба қавли онҳо, "пур аз иштибоҳ ва ғалати матбуот ва расонаҳои ғайридавлатӣ", интиқод карданд. Ҳамасола дар Тоҷикистон 5-уми октябр ҳамчун Рӯзи забони тоҷикӣ гиромӣ дошта мешавад (видео)

- Сокинони Шугнов аз бекорӣ тило мешӯянд. Ахиран раҳбарони кони тилои Шугнов гурӯҳе аз хабарнигоронро ба зиёрат аз ин муассиса даъват анмуданд. Ба қавли онҳо саҳми ин корхонаи ватанӣ дар таъмини мардуми маҳаллӣ бо шуғл ва татбиқи барномаҳои иҷтимоӣ бузург аст (видео)

- 5 корманди бонки муфлисшудаи “Тоҷпромбонк” аз озодӣ маҳрум шуданд. Додгоҳе дар шаҳри Душанбе панҷ корманди баландпояи бонки муфлисшудаи “Тоҷпромбонк”-ро ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум кардааст (видео)

- Нурбибӣ Мансурова аз Арабистони Саудӣ бармегардад. Нурбибӣ Мансурова, шаҳрванди Тоҷикистон, ки мегуфт, дар хонаи марди арабе зери шиканҷа қарор дорад, раҳо шудааст ва интизор меравад, ба зудтарин фурсат ба Тоҷикистон баргардад (видео)

- Руҳонӣ ва Эрдуғон раъйпурсии Курдистони Ироқро танқид карданд (видео)

- Отамбоев бо сафари давлатӣ ба Ӯзбекистон рафт (нигористон)

- Оё ба пойгоҳи низомии Русия эҳтиёҷе ҳаст? Дар шаҳри Канти Қирғизистон як пойгоҳи низомии Русия мавҷуд аст, полигони таҷрибавии Иссиқкӯл низ дар ҳайати он шомил мешавад (видео аз Директ)

- Барандаи ҷоизаи адабии Нобелро букмекерон натавонистанд тахмин зананд (видеои Настоящее время)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG