Ссылки доступа

Радаи болоӣ баррасии лоиҳаи қонун дар бораи Донбассро ба вақти дигар гузошт


Вакилони Радаи болоӣ ё порлумони Украина ба далели эътирозҳо натавонистанд лоиҳаи қонун дар бораи баргардонидани Донбассро баррасӣ кунанд. Президенти Украиан Петр Порошенко ду лоиҳаи қонунро барои баррасии фаврӣ ба порлумон фиристод.

Яке аз ҳуҷҷатҳо Русияро ҳамчун "кишвари ишғолгар" баҳо дода, минтақаҳои алоҳидаи вилоятҳои Донбас ва Луганскро "ғасбшуда" эътироф мекунад. Ҳуҷҷати дувум - муҳлати иҷрои қонуни пешинро дар бораи мақоми ҳукумати худидории Донбасс як соли дигар тамдид менамояд.

Котиби Шӯрои амнияти миллӣ ва мудофиаи Украина Александр Турчинов гуфт, ки "ҷумҳуриҳои халқӣ"-и эътирофнашудаи Луганску Донбассро ғасбшудаи Русия" меномад. Оксана Сироид, ноиб-раиси порлумони Украина гуфт, дар ҳуҷҷат санаи дақиқи ғасби ин минтақаҳо аз сӯи Русия нишон дода нашудааст. Ба ин далел, ба гуфтаи вай, Украина наметавонад зидди Русия дар додгоҳҳои байналхалқӣ даъво барад.

Баррасии лоиҳаҳои пешниҳодкардаи Порошенко дар порлумон баҳсҳои зиёдеро ба бор овард. Рӯзи панҷшанбе намояндагони ҳизбҳои иғвогари "Озодӣ" ва "Корпуси миллӣ" бо нишони эътироз назди порлумон гирди ҳам омаданд. Ба навиштаи расонаҳо, онҳо оташсӯзӣ карда, таҳдид намуданд, ки дар сурати қабули ин қонунҳо эътирозӣ сартосарӣ барпо хоҳанд кард.

Таҳиякунандагони қонун дар бораи баргардонидани Донбасс талаб доранд, ки он то 18 октябр қабул шавад. Дар он рӯз муҳлати сесолаи қонуни пешин "Дар бораи тартиботи махсуси мақоми худидории ноҳияҳои алоҳидаи вилояти Донетск ва Луганск" ба охир мерасад.

XS
SM
MD
LG