Ссылки доступа

Бархӯрди автобус бо қатор дар Русия 19 кушта бар ҷой гузошт


Дар вилояти Владимири Русия як қатори мусофирбар бо автобусе бархӯрдааст. Дар натиҷа 19 одам ҷон бохтаанд, ки миёнашон кӯдакон низ ҳастанд. Дасти кам панҷ тани дигар бо захмҳои гуногун бистарӣ шудаанд.

Шаҳрдори Покров Вячеслав Аракелов дар суҳбат бо хабаргузории ТАСС гуфт, ҳалокшудаҳо шаҳрвандони Ӯзбекистонанд. Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон дар Фейсбук навишт, ки ронандаҳои автобус шаҳрвандони ин кишвар буданд, ки якеашон ҷон додааст.

Садама шаби 6 октябр, соати 03:30 дақиқа ба вақти маҳаллӣ рух додааст. Автобус, ки ба самти Москва ҳаракат мекард, бо вуҷуди сурх будани чароғак талош кардааст, роҳи оҳанро убур кунад. Бархе аз мусофирон берун омада, хостаанд, ки автобусро аз роҳи қатор дур кунанд, вале талошҳо бенатиҷа анҷом ёфтаанд.

"Мусофирони автобус, 50 нафар хоб буданд. Ронанда фарёд задааст, 30 нафарашон ба берун баромада, кӯшиш кардаанд, ки автобусро аз роҳи оҳан дур кунанд. Нафароне зинда мондаанд, ки дар берун буданд. Ҳар касе дар дохил буд, ҳалок шудааст", - мегӯяд сухангӯи раиси вилояти Владимир Рита Шляхова.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии роҳи оҳани Москва, ронандаи қатори Санкт-Петербург-Нижний Новгород ба далели наздик будани масофа натавонистааст, ки онро сари вақт боз дорад.

XS
SM
MD
LG