Ссылки доступа

Додгоҳ рӯзноманигору "24.kg"-ро бо дархости Жээнбеков 5 млн сомӣ ҷарима кард


Додгоҳи ноҳияи Свердлови шаҳри Бишкек даъвои номзад ба мақоми президентии Қирғизистон Сооронбой Жээнбековро зидди хабаргузории "24.kg", вакили пешини порлумони ин кишвар ва рӯзноманигор Кабай Карабеков қонеъ кард. Рӯзноманигор ва расона вазифадор шуданд, ба Жээнбеков 5 миллион сомӣ (беш аз $73 ҳазор) ҷуброн пардозанд.

Ситоди интихоботии Жээнбеков пештар хабар дод, ки номзади қирғиз аз додгоҳ хост, суханҳои Карабеков -- "робитаҳои наздики бародарони Жээнбеков бо созмонҳои тундрави арабӣ" дар матбуот беасос дониста шаванд. Ин суханҳо дар матлабе нашр шуданд, ки "24.kg" зери имзои Карабеков бо номи "Сафар ба Сочӣ. Ба Кремл боз шарҳ медиҳанд, ки ворис чи бартарӣ дорад" 11 сентябри соли равон нашр кард.

Муаллиф дар матлаб бо истиноди мустақим ба мулоқоти пушти дарҳои бастаи президентҳои Қирғизистону Русия дар моҳи июни соли равон қайд кардааст, "Москва ба ҷониби Бишкек ишора кард, ки хабари мақомоти махсуси Қирғизистон ва Русия дар бораи робитаҳои наздики бародарони Жээнбеков бо созмонҳои тундрави арабӣ онҳоро нигарон кардааст".

Аз ҷумла бо созмони арабии "Ҷамъияти ислоҳоти иҷтимоӣ", ки дар ҳудуди Русия "созмони террористӣ" эълом шудааст. Сооронбой Жээнбеков талаб дорад, муаллиф ва хабаргузорӣ бо нашри як раддия суханҳои "дурӯғу беасос"-и худро такзиб ва 5 миллион сомӣ зарари маънавӣ пардохт кунанд.

"Гап сари маблағ нест. Инҷо сухан дар бораи интихоботи президентӣ, ояндаи кишвар ва паҳни иттилои бардурӯғ дар бораи номзад меравад. Ба мо фарқ надорад, ки муаллиф барои ин матлаб пул гирифтааст ё не. Ҳамин қадар маълум аст, ки он ба нафъи номзадҳои дигар мебошад", - гуфт сухангӯи ситоди интихоботии Жээнбеков – Фарида Ниёзова.

Матлаб дертар бо талаби намояндаи махсуси Жээнбеков дар Комисияи марказии интихоботии Қирғизистон аз сомонаи "24.kg" гирифта шуд.

XS
SM
MD
LG