Ссылки доступа

Дабири кулли НАТО: "Ҷанги сард бо Русияро намехоҳем"


Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг гуфт, ҳеч гуна таҳдиди бевоситаеро аз тарафи Русия намебинад. Вале қайд кард, ки муносибатҳо баъди ишғоли Қрим ва нооромии шарқи Украина ба таври ҷиддӣ бад шудаанд. Вай ин суханҳоро дар суҳбат бо хабарнигори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар шаҳри Брюссел баён дошт.

Ба гуфтаи Столтенберг, НАТО дар муносибат бо Русия аз равиши дугонае кор хоҳад гирифт, ки дар асоси дифоъ ва муколама тарҳрезӣ шудааст. "Мо бояд нерӯманд ва ба истодагариву дифои худ бовар дошта бошем", - афзуд дабири кулли НАТО.

Столтенберг изҳор дошт, ки НАТО ҷанги сард ва мусобиқаи таслиҳотиро намехоҳад ва бинобар ин, Русияро ба муколамаи сиёсӣ даъват мекунад. "Мо роҳҳои гуфтугӯро боз нигаҳ доштаем. Ҳамчунин робитаҳои низомӣ низ дорем ва бинобар ин мехоҳем, ташаннуҷро коҳишу муносибатҳоро бо Русия беҳтар намоем", - гуфт ӯ.

Роҷеъ ба ҷойгиршавии посдорони сулҳи СММ дар Донбасс ӯ гуфт, аз тамоми идеяҳое истиқбол хоҳад кард, ки ба иҷрои созишномаи Минск, аз ҷумла риояи низоми оташбас, ихроҷи техникаҳои сангини ҳарбӣ, таъмини шароит барои кори нозирони Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо ва дастрасии онҳо ба минтақаҳои шарқии Украина мусоидат хоҳанд кард.

Ба гуфтаи ӯ, нозирони байналмилалӣ бояд ба тамоми минтақаҳои шарқи Украина, бо шумули марз бо Русия дастрасӣ дошта бошанд.

Дабири кулли НАТО изҳор дошт, ки Русия тайи солҳои ахир бахши низомии худро ба таври назаррас тавсеа бахшида, харҷи дифои худро афзоиш ва нирӯҳои худро бо имкониятҳои беҳтари замонавӣ тамрин додааст. Ӯ афзуд, ки Русия ҳатто зидди ҳамсояҳои худ, аз ҷумла Украина аз нирӯи низомӣ истифода кард.

XS
SM
MD
LG