Ссылки доступа

Боздошти гуруҳе бо гумони латту кӯби як ҳамҷинсгарои ӯзбек (видео)


Кормандони пулиси вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон панҷ нафарро бо гумони латту кӯби як сокини шаҳри Марғелон боздошт карданд. 29 сентябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки чанд тан як ҷавонро латту кӯб мекунанд ва ӯро ҳамҷинсгаро меноманд. Ин ҳодиса ду моҳ пеш дар ноҳияи Киргули шаҳри Фарғона рух додааст.

Пулиси Ӯзбекистон гуруҳеро боздошт кард, ки дар латту кӯби шадиди як ҷавон гумонбар дониста мешаванд. Ин гуруҳ, ба эҳтимоли зиёд, ҷавонро барои ҳамҷинсгаро буданаш латту кӯб кардааст, менависанд расонаҳои маҳаллӣ.

"Дар натиҷаи корҳои ҷустуҷӯӣ панҷ тан бо гумони таҳқири шараф ва номуси сокини вилояти Фарғона боздошт шуд", - хабар медиҳад маркази матбуотии ВКД Ӯзбекистон.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

29 сентябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори латту кӯби ҷавони ҳамҷинсгаро нашр шуд. Баъдтар маълум шуд, ки он ҷавон сокини 24-солаи шаҳри Марғилон буда, донишҷӯи Донишкадаи политехникии Фарғона аст.

XS
SM
MD
LG