Ссылки доступа

Лавров бо сафари расмӣ вориди Остона шуд


Сафари вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ба 25-солагии муносибатҳои дипломатии Қазоқистону Русия бахшида шудааст.

Дар доираи сафари Лавров ба Остона, интизор меравад, гуфтугӯи вай бо ҳамтои қазоқаш Кайрат Абдураҳмонов баргузор шавад. Иҷрои созишҳои ҳосилшуда, инчунин масоили байналхалқӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла ҳамкорӣ "дар пасманзари тағйирёбии вазъи Сурияву Ироқ" дар ин дидор баррасӣ мешавад.

Дар Остона Чаҳорумин Анҷумани хатмкардаҳои донишкадаи давлатии муносибатҳои байналхалқии Москва (МГИМО) кушода шуд. Дар маросими кушодашавии Анҷуман вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров, хатмкардаи донишкадаи мазкур суханронӣ кард.

XS
SM
MD
LG