Ссылки доступа

Як сокини Тоҷикистон ҳамсару духтарашро захмӣ кард ва худро овехт


Як мӯйсафеди 71-сола аз ноҳияи Бохтар бо корд ҳамсар ва духтарашро захмӣ намуда, баъдан даст ба худкушӣ задааст. Аз Дафтари матбуоти вазорати умури дохилӣ гуфтанд, ҳодиса соати 2:40 шаби 5 октябр дар деҳаи Гулзори ҷамоати деҳоти "Сарвати истиқлол"-и ноҳияи Бохтар, рух додааст.

Манбаъ аз вазорати умури дохилӣ дар шарҳи ҳодиса гуфт, ки Абдураҳмон Бадиеви 71-сола бо корд 5 бор ба бадани ҳамсари 45-солааш Шакармоҳ Бадиева ва 4 бор ба бадани духтари 16-солааш Ҳадиса Бадиева зарба задааст. Аз ин ҳодиса ҳамсар ва духтари ин мард ҷароҳат бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд. Аммо ба гуфтаи манбаъ, "худи мӯйсафед дар дарахти замини назди ҳавлиаш худро бо роҳи доркашӣ ба ҳалокат расонидааст.”

Шакармоҳ Бадиева, ҳамсари ин мард рӯзи 6-уми октябр гуфт, ҳосили зиндагии заношӯии ӯ бо Абдураҳмон Бадиев се духтар мебошад ва ӯ ҳамеша аз шавҳараш талаб дошт, ки барои духтаронаш аз гӯшаи хона ҳиссае бидиҳад. Ба гуфтаи ин зан, писарони шавҳараш, ки дар Русия қарор доранд, ба ин розӣ набуданд ва борҳо ӯро таҳдиди куштан карданд. Абдураҳмон Бадиев аз ҳамсари аввали худ ду писар ва се духтар доштааст.

XS
SM
MD
LG