Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон руҳониён низ ба муборизаи зидди сил пайвастанд


Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бо маблағгузории USAID - Оҷонси рушди байналмилалии Амрико ва дар ҳамкорӣ бо Кумитаи дин рӯҳониёни кишварро низ ба мубориза зидди бемории силу боло бурдани огоҳии мардум ҷалб кардааст.

Каримҷон Розиқов, имом-хатиби масҷиди ҷомеъ дар ноҳияи Рашт, баъди давраҳои вижаи омӯзишӣ ҳоло яке аз фаъолтарин рӯҳониест, ки чанд моҳи ахир дар поёни мавъизаҳои худ 15 дақиқа дар бораи бемории сил сӯҳбат мекунад.

Дар натиҷаи мавъиза ва тарғиби имом-хатиб 80 намозгузор аз ташхиси бемории сил гузаштаанд, ки чанд гирифтори ин бемории сироятӣ дар миёни онҳо ошкор шудааст.

"Моҳи август пас аз таълим дар як давраи омӯзишӣ бо тавсияи Кумитаи дин ба тарғиби ҳаёти солим, аз ҷумла бемории сил пардохтем. Мо мегӯем, ки бачам, аз Русия омадӣ, рафта аз ташхис гузар. Барои эҳтиёт. Бемор набошӣ, дилат пур аст. Агар ягон беморӣ дошта бошӣ, табобат мекунӣ. На худатонро дар хатар гузоред, на хонаводаатонро. Дини ислом ҳам ҳамин чизро мехоҳад”, - гуфт ӯ.

USAID дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар 27 шаҳру навоҳии осебпазири Тоҷикистон 143 Кумитаи ҷамъиятии мубориза бо сил ташкил кардааст. Кумитаҳо, ки имомхатибон низ ба онҳо шомиланд, 800 узв доранд. Ин оҷонс бо $13,3 миллион тарҳи 5-солаи мубориза бо бемории силро дар Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG