Ссылки доступа

Сафари пинҳонии домоди Трамп ба Арабистони Саудӣ


Домоди президенти ИМА Доналд Трамп ва яке аз мушовирони наздикаш Ҷаред Кушер сафари эъломношудаеро ба Арабистони Саудӣ анҷом додааст. Сафари Кушер ба Риёз аз рӯзи чаҳоршанбе то шанбе идома ёфта, Кохи сафед ин хабарро як рӯз баъд аз бозгашти ӯ тасдиқ кард.

Кушнер дар маъмурияти президенти Амрико масъули бахши Ховари Миёна аст. Ӯро дар ин сафар муовини ёвари президент дар умури амниятӣ Дина Пауэлл ва фиристодаи махсус дар Ховари Миёна Ҷейсон Гринблатт ҳамроҳӣ кардаанд. Охирӣ дар баробари Риёз аз Қоҳира, Аммон, Ерусалим ва Рамаллоҳ низ боздид кардааст.

Кохи сафед ошкор намекунад, ки Кушер дар Арабистони Саудӣ бо кӣ мулоқот кардааст. Ин бор низ талошҳои президент ба хотири мусоидат ба Исроилу Фаластин барои дастёбӣ ба сулҳ арзёбӣ шудааст. Ҳамчунин таъкид мешавад, ки ИМА мехоҳад, дар ин раванд танҳо миёнаравӣ кунад ва ба ҳеч ваҷҳ дипломатияи худро ҷойгузини гуфтугӯи мустақими ҷонибҳо нахоҳад кард, ки ягона василаи ҳалли буҳрон дониста мешавад.

Ҷаред Кушер аз замони оғози фаъолияташ дар маъмурияти президенти ИМА бори севум аст, ки аз Арабистони Саудӣ боздид мекунад. Дар сафари пешинаш ба Риёз, ки моҳи августи соли равон сурат гирифт, бо сарвазири Исроил Бинёмин Натаняҳу ва сардори ташкилоти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос дидору гуфтугӯ карда буд.

XS
SM
MD
LG