"Чӣ гуна маҳсулоти ширӣ, гӯштӣ, дузандагӣ ва кишоварзии мо қочоқӣ эълон мешавад? Ҳамаи ин дар дохили кишвар истеҳсол шудааст", - гуфт Пономарев.
Раиси Эътилофи бозорҳои Қирғизистон ҳамзамон афзуд, ки "мехоҳад аз масъулини Қазоқистон ҷавоб бигирад, чӣ тавр мошинҳои тамғаи TIR, ки аз Туркия, Эрон, Чин тавассути Қазоқистон ба Қирғизистон мерасанд - қочоқӣ эълон шудаанд". "Дар кадом асос мошинҳои дорои тамғаи TIR кушода мешаванд, молҳояшон санҷида мешавад? Ин вайрон кардани конвенсияҳои ҷаҳонист", - гуфт Сергей Пономарев.
Дар ҳамин ҳол, раиси касабаҳои бозори "Дордой" Дамира Дооталиева гуфт, ки мошинҳои холиро низ намегузоранд, ки аз марз убур кунанд.
25 октябр дар доираи саммити сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви ИИАО сарвазири Қазоқистон Бакитҷон Сагинтаев гуфт, ки омори Қирғизистон дар мавриди доду гирифташ бо ҷониби Чин бо оморе, ки Чин пешниҳод мекунад, "фарқи зиёд дорад". Вай ҳамчунин афзуд, назорати шадид дар марз "танҳо зидди Қирғизистон равона нашудааст".
Дар посух ҳукумати Қирғизистон 27 октябр шарҳи расмӣ нашр кард. Ба иттилои ҳукумати Қирғизистон, "изҳороти Бакитҷон Сагинтаев барои сафед кардани рафторҳои Қазоқистон равона шудааст".