Ссылки доступа

Қазоқистон садҳо қонуншикании боркашҳои қирғизро ошкор кардааст


Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, тайи беш аз ним моҳи санҷиши мошинҳои ҷониби Қирғизистон дар марз садҳо ҳолати қонуншиканиро ошкор кардаанд.

“Намояндагони кумитаи нақлиёти Вазорати сармоягузорӣ ва рушди Қазоқистон аз 10 то 30 октябри соли равон 360 қонуншикании боркашҳои қирғизро ошкор кардаанд. Дар ин давра ҷамъан 3 ҳазору 54 воситаи нақлиёт санҷида шуд”, - омадааст дар иттилоияи вазорат.

Ба огаҳии манбаъ, дар натиҷаи санҷиш боркашҳои қирғиз 11,8 миллион танга (ҳудуди 357 ҳазор доллар) ҷарима шудаанд. Вазорат мегӯяд, бештари ин қонуншиканиҳо (151 ҳолат) марбут ба воридоти бидуни шаҳодатномаи молҳои зудвайроншаванда аст.

Қазоқистон аз 10 октябр санҷишро дар марз бо Қирғизистон сахттар карда, ин иқдомро нахуст амалиёти нақшавӣ ва дертар мубориза бо қочоқи мол номид. Ҳукумати Қирғизистон 30 октябр бо қабули як қарор дастгирии давлатиро барои афроде ваъда дод, ки аз вазъи марз осеб мебинанд.

XS
SM
MD
LG