Ссылки доступа

Як ширкати туркӣ тасмим дорад, дар Ӯзбекистон маҷмааи ҳамлу нақл бунёд кунад


Ширкати туркии Gentes Yapi ve Endustry Tesisleri Ltd Sti тасмим дорад, дар Ӯзбекистон маҷмааи лоҷистикӣ ё ҳамлу нақл бисозад. Дар ин бора расонаҳои Ӯзбекистон хабар медиҳанд.

Ҷонибҳои Ӯзбекистону Туркия дар бораи сохтани терминали сабзавоту мевапарварӣ ба созиш расидаанд. Маҷмаа ба интиқоли маҳсулоти тару тоза ва коркардшудаи кишоварзӣ аз Ӯзбекистон ба кишварҳои ИДМ машғул мешавад.

Дар доираи лоиҳаи мазкур 125 анбори муҷаҳҳаз бо яхдон ва дигар иншоот сохта мешавад.

Ширкати туркӣ дар доираи лоиҳа дастгоҳҳои муосир меорад. Ҳайати ширкати туркӣ моҳи ноябр вориди Ӯзбекистон хоҳад шуд.

Ин ширкат омода аст, дастгоҳҳои парвариш ва коркарди сабзавоту меваро вориди Ӯзбекистон кунад.

XS
SM
MD
LG