Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон шумори издивоҷи ноболиғон рӯ ба афзоиш аст


Мақомоти интизомии кишвар, аз ҷумла вазорати умури дохила мегӯянд, дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 41 ҷинояти ба шавҳар додани духтарони ноболиғро сабт кардаанд. Ин омор нисбати як соли пеш се дарсад зиёд аст. Як манбаъ аз мақомоти интизомии Тоҷикистон рӯзи 30-юми октябр гуфт, издивоҷи духтарони ноболиғ бештар дар минтақаҳои Хатлону Суғд ошкор шуда, парвандаи волидони онҳо ба додгоҳ рафтааст.

Онҳое, ки қонунро нақз мекунанд, бо корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол, ё ҳабс ба муҳлати то 6 моҳ муҷозот мешаванд.

Яке аз ин волидон - Дилафруз Саидова, сокини ноҳияи Восеъ аст. Ин модар мегӯяд, ду моҳ пеш духтари 16-солааш оила барпо кард. Дилафрӯз Саидова тавҷеҳ дошт ва танҳо ба хотире ба издивоҷи духтари ноболиғаш розӣ шуд, ки дар шароити мушкили молӣ қарор дошт ва наметавонист чаҳор фарзандро дар танҳоӣ “саришта” кунад. Ин модар гуфт, шавҳараш дар Русия аст ва соле танҳо як маротиба ба назди онҳо меояд, худаш дар бунгоҳи тиббӣ кор мекунад ва аз саҳар то шом барои таъмини зиндагӣ берун аз хона аст.

“Аввалаш шароити хуб надоштем, дуюм ин ки вақте фаҳмидам, ки духтарам бо писари ҳамсоя ҳамдигарро дуст медоранд, нахостам, ки миёни мардум гапи зиёд шавад. Духтари ман 16-сола буду мактаб намехонд. Вақте барои ин ба суд муроҷиат кардам, ки ба таври истисноӣ иҷозаи издивоҷро диҳанд, онҳо ба зуди розӣ нашуданд ва мо туй кардем”, - мегӯяд Дилафрӯз.

Саидова мегӯяд, бо ин ки духтараш хеле ҷавон издивоҷ кардааст, “вале зиндагии хуб дорад”. Ин модар ҳоло ба саволҳои тафтишот посух мегӯяд. Ӯ мегӯяд, арӯсии духтар бидуни қайди ЗАГС ва танҳо бар асоси никоҳи мусалмонӣ сурат гирифт. Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон як соли охир муқаррароти сабти арӯсиҳо ҳам хеле шадид шудааст. Дар Тоҷикистон соли 2010 синни издивоҷ як сол боло бурда шуд ва духтарон аз 18-солагӣ ҳаққи барпо кардани оиларо ба даст оварданд.

XS
SM
MD
LG