Ссылки доступа

Даргирии 7-соатаи пулиси афғон бо Толибон дар Ғазнӣ


Мақомоти Афғонистон хабар медиҳанд, ки дар пайи ҳамлаи ҷангиёни ҳаракати даҳшатафкани Толибон ба як гузаргоҳи марзӣ дар ҷанубу шарқи ин кишвар дасти кам 9 корманди пулис ҷон додаанд.

Ориф Нурӣ, сухангӯи раиси вилояти Ғазнии Афғонистон гуфт, дар натиҷаи ин ҳамла чаҳор корманди дигари пулис захмӣ шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, задухӯрд миёни кормандони пулис ва ҷангиёни Толибон ҳудуди 7 соат идома ёфта, 7 ҳамлагар кушта шудааст.

Толибон масъулияти ҳамларо ба зимма гирифтааст. Нисор Аҳмад Фақирӣ, узви шӯрои вилояти Ғазнӣ гуфт, дар пайи ҳамла гузаргоҳи марзии ноҳияи Куҳёнӣ пурра хароб шудааст.

Мақомоти вилояти Бағлони Афғонистон 30 октябр хабар доданд, ки аз як ҳамлаи Толибон пешгирӣ карданд. Сардори пулиси ноҳияи Бурқа Муҳаммад Алӣ гуфт, ҷангиён субҳи душанбе ба бинои пулис ҳамла карданд. Ба гуфтаи ӯ, дар натиҷа 20 ҷангҷӯ кушта шуда, як сарбози афғон ҷароҳати сабук бардоштааст.

XS
SM
MD
LG