Ссылки доступа

Садамаи маргбор дар Саратов: 5 шаҳрванди Тоҷикистон ҷон доданд


Дар натиҷаи як садамаи нақлиётӣ дар вилояти Саратови Русия 5 шаҳрванди Тоҷикистон ҷон додаанд. Cафорати Тоҷикистон дар шаҳри Москва гуфт, ки ҳуввияти чор нафари ҳалокшудаҳо мушаххас шуда, санҷиши шахсияти нафари панҷум идома дорад.

Пулиси Саратов гуфт, ки шоми 30 октябр дар шоҳроҳи Саратов - Нижний Новгород як микроавтобус, ки дар дохилаш шаҳрвандони Тоҷикистон буданд, бо мошини борбари "КамАЗ" бархӯрдааст. Бино ба маълумоти пешакӣ, садама бо айби ронандаи "КамАЗ" рух додааст.

Дар ин ҳодиса панҷ нафар ҷон дода, шаш тани дигар ба бемористони шаҳрҳои Петровск ва Саратов интиқол дода шудаанд.

Дар изҳороти сафорати Тоҷикистон дар Русия омадааст, ки микроавтобуси "Volkswagen Caravelle" 11 шаҳрванди Тоҷикистонро мебурд. Дар ин садама ронандаи микроавтобус - Суннатулло Ҷӯраеви 21-сола ҳам ҷон додааст.

Фарзияи пешакӣ ин аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҳадафи убури марзи Русияву Қазоқистон ва гирифтани қайди убури марз барoи вуруди дубора ба Русия ба самти сарҳад ҳаракат мекардаанд.

XS
SM
MD
LG