Ссылки доступа

Москва: гузаштан ба лотинӣ - масъалаи дохилии Қазоқистон аст


Муовини вазири корҳои хориҷии Русия Григорий Карасин дар робита ба хати лотинӣ гузаштани Қазоқистон гуфт, "ин масъалаи дохилии Қазоқистон аст", хабар медиҳанд расонаҳои Русия.

"Ман фикр мекунам, ки мавқеъгирии мо дар ин робита оромона аст, билохира ин кори дохилии Қазоқистон аст - худашон мушаххас мекунанд, ки кадом забонро дар кадом сатҳ истифода баранд", - гуфт Карасин.

Ба гуфтаи вай, дар робита ба тарҷума дар ҳоли ҳозир ҳеч мушкиле вуҷуд надорад. "Ман мутмаинам, ки роҳи барқарор кардани робитаҳоро пайдо мекунем, роҳи мутобиқ кардани забони русиро бо лотинӣ меёбем", - афзуд дипломат.

Сафири Русия дар Қазоқистон Михаил Бочарников дар мулоқот бо намояндагони порлумони ду кишвар рӯзи душанбе гуфт, ки Русия "ба тасмими Қазоқистони мустақил дар робита ба хати лотинӣ гузаштан эҳтиром қоил аст".

Фармон дар бораи аз хати сирилӣ ба лотинӣ гузаштан 27 октябр нашр шуд. Ҳукумати Қазоқистон вазифадор аст, ки Комисияи миллии гузаштан ба хати лотиниро таъсис диҳад. Бар асоси фармони мазкури президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, ин кишвар то соли 2025 комилан ба хати лотинӣ хоҳад гузашт.

XS
SM
MD
LG