Ссылки доступа

Афғонистон Ӯзбекистонро ба бандарҳои Эрон мерасонад


Раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ ният дорад, дар ояндаи наздик барои имзои чанд тафоҳумномаи ҳамкорӣ ба Ӯзбекистон биравад, хабар медиҳанд расонаҳои афғонӣ.

Яке аз мавзуъҳои асосие, ки бояд баррасӣ шавад, ҳамкорӣ дар бахши роҳи оҳан хоҳад буд. Гап дар бораи хати роҳи оҳан аз Мазори Шариф ба вилояти Балх тавассути чаҳор вилояти дигари Афғонистон меравад. Қисме аз ин роҳи оҳан метавонад Ӯзбекистонро фаро бигирад.

Talonews бо такя ба манбаъҳояш хабар медиҳад, ки Ӯзбекистон ба амалишавии лоиҳаи мазкур ҳавасманд аст.

Абдул Борӣ Сиддиқӣ, муовини раиси роҳи оҳани Афғонистон мегӯяд, амалишавии лоиҳа ба Ӯзбекистон имкон медиҳад, ки ба бандарҳои Эрон роҳ ёбад.

XS
SM
MD
LG