Ссылки доступа

Сурия дар гуфтушуниди Остона ба Туркия дарафтод


Раҳбари ҳайати ҳукуматӣ ва сафири Сурия дар СММ Башор Ҷаъфарӣ рӯзи сешанбе дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Остонаи Қазоқистон гуфт, Димишқи расмӣ вуруди низомиёни Туркияро ба вилояти Идлиб таҷовуз ба марзи худ медонад.

Моҳи сентябр дар гуфтугӯи сулҳи Сурия дар Остона кишварҳои кафил ба созиш расиданд, ки дар вилояти Идлиб, ҳаммарз бо Туркия минтақаи чаҳоруми амнро ташкил хоҳанд кард.

"Гуфтугӯи даври 6-уми Остона ҳамин қадар натиҷа дод, ки нирӯҳои Туркия дар ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ бо гуруҳи "Ҷабҳат-ун-Нусра" вориди Сурия шуданд. Анқара уҳдадориҳои худро роҷеъ ба дастгирии режим, ки кишварҳои кафил дар робита ба он созиш карданд, иҷро намекунад", - иқтибос овардаанд расонаҳои қазоқӣ аз суханони Ҷаъфарӣ.

Бино ба баъзе маълумотҳо, қарор буд, минтақаи Идлиб ба се қисм ҷудо шуда, як қисми он (ноҳияҳои шимоливу ғарбӣ)-ро низомиёни турку гуруҳҳои мухолифони осоишта, ноҳияҳои ҷанубу шарқро нирӯҳои ҳукумативу гуруҳҳои эронӣ ва минтақаи миёни ноҳияҳои мазкурро нирӯҳои Русия назорат кунанд.

"Русия ва Эрон тасдиқ карданд, ки ҳамаи кишварҳои кафил бояд уҳдадориҳои худро иҷро кунанд. Сурия дохил шудани ҳама гуна низомиёни хориҷиро бидуни розигии Димишқи расмӣ дар хоки худ таҷовуз ва ишғолгарӣ медонад", - афзуд сафири Сурия.

Русия, Туркия ва Эрон сарпарасти гуфтугӯҳои сулҳи Сурия дар Остона ҳастанд. Нишасти Остона ҷудо аз гуфтугӯҳои Женева, ки зери сарпарастии СММ ҷараён доранд, баргузор мешавад.

Иштирокдорони даври 7-уми гуфтугӯи сулҳи Сурия дар Остона бояд нақшаи фаъолияти гуруҳи кориро барои раҳоии зиндониёну асирон, супурдани ҷасадҳо ва кофтукоби бедаракшудагон тасдиқ мекарданд.

Хабаргузории русии РИА Новости рӯзи сешанбе бо истинод ба узви ҳайати мухолифони Сурия Фаттоҳ Ҳасун хабар дод, ки дар робита ба масъалаи зиндониён ҳанӯз созише ба миён наомадааст.

Даври навбатии гуфтугӯи сулҳи Сурия қарор аст, моҳи декабри соли равон баргузор шавад.

XS
SM
MD
LG