Ссылки доступа

Баррасии вазъи марзи Қазоқистон пушти дарҳои бастаи порлумони Қирғизистон


Дар ҷаласаи имрӯзии порлумони Қирғизистон пешниҳод шуд, ки масъалаи марз бо Қазоқистон пушти дарҳои баста сурат гирад. Ин ташаббус аз ҷониби вакили порлумон Улан Примов садо дода, вай хостааст, ки аъзои ҳукумати Қирғизистон низ ба ҷаласа даъват шаванд.

"Мо шоҳидем, ки давоми 20 рӯзи охир вазъ тақрибан тағйир наёфтааст. Ҳукумат ҳамаи талошашро анҷом медиҳад, дар Остонаву Ереван мулоқот сурат гирифт, аммо дигаргуние нашуд. Хуб мешуд, агар сарвазирро даъват кунем, роҳбарони вазоратҳо ва ниҳодҳои марбутаро ҳам. Мо, вакилон, пешниҳоди худро баён кунем. Биеёд баррасӣ кунем, чӣ тавр метавонем ба ҳукумат кумак расонем, ки аз ин вазъ берун ояд. Ин масъалаест, ки ба амният ҳам дахл дорад. Агар лозим бошад, биёед пушти дарҳои пӯшида баҳс кунем. Зимистон баъди чанде фаро мерасад ва баъди 3-4 моҳ кишти баҳорӣ шуруъ мешавад", - гуфт вакил.

Раиси порлумон Достонбек Ҷумабеков хотиррасон кард, ки 2 ноябр дар порлумон иштироки намояндагони ҳукумат дар назар аст ва мумкин аст дар ҷаласаи фардо ин мавзуъ баррасӣ шавад. Вале бо раъйи аксарият пешниҳоди Улан Примов қабул шуд.

Сар аз 10 октябр Қазоқистон назорати марзиро дар гузаргоҳҳо шадидтар кард. Ин боис шуд, ки дар гузаргоҳҳои вилояти Чуй ва Таласи Қирғизистон навбатпоии тӯлонӣ ташкил шавад. Дар ин моҷаро беш аз ҳама мошинҳои борбар зиён диданд.

Шиддат гирифтани назорати марзиро бархе аз шаҳрвандон ба ҳарфҳои танқидии Алмосбек Отамбоев, президенти Қирғизистон нисбати ҳамтои қазоқаш Нурсултон Назарбоев рабт медиҳанд. Отамбоев 7 октябр ҳамтои қазоқашро барои талоши дахолат ба умури дохилии Қирғизистон ва интихоботи президентии ин кишвар танқид кард.

XS
SM
MD
LG