Ссылки доступа

Трамп хостори санҷиши шадидтари хориҷиҳо шуд


Президенти ИМА Доналд Трамп баъди ҳамлаи террористии шаҳри Ню-Йорк ба вазорати умури дохилии Амрико дастур дод, ки санҷиши шаҳрвандони хориҷиро ҳангоми вуруд ба ин кишвар "аз ҳад зиёд сахттар" кунад.

"Одоби сиёсӣ хуб аст, вале на дар ин гуна ҳолатҳо", - навишт президенти ИМА дар Твиттер чанд соат баъд аз ҳамлаи террористӣ дар маркази Манҳеттен, ки 8 кушта ва беш аз 10 захмӣ ба ҷой гузошт.

Ҳамчун гумонбар дар ин ҳодиса Сайфулло Саипов, зодаи 29-солаи Ӯзбекистон боздошт шудааст. Саипов чанд сол пеш аз Ӯзбекистон ба Амрико рафта, дар шаҳри Патерсон зиндагӣ мекард. Ӯ бо мошини иҷора ба роҳи дучархасаворӣ баромада, пиёдагардонро пахш кард.

Саипов баъди бархӯрд бо автобуси хонандагон дар даст ашёи монанд ба туфангча аз дохили мошин берун шуд ва кормандони пулис ӯро парронданд. Дар натиҷа гумонбар захмӣ ва бистарӣ шудааст, вале ҷонаш дар хатар нест.

Аз мошини зодаи Ӯзбекистон навиштаеро дарёфт карданд, ки ӯ дар он вафодории худро ба гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" баён медорад. Қазияро Бюрои федеролии тафтишоти ИМА таҳқиқ дорад.

Доналд Трамп соли 2016 дар маъракаи интихоботияш ваъда дода буд, ки бо далоили амниятӣ ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ зарбаи муҳлик хоҳад зад. Ӯ ҳамчунин хоста буд, ки шаҳрвандони хориҷӣ ҳангоми вуруд ба ИМА сахттар санҷида шаванд.

XS
SM
MD
LG